Боздиди сафирони Русия ва Япония аз ВКХ Тоҷикистон

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26 апрел мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот  ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамчунин дар фазои анъанавии эътимоду созанда доираи васеи […]

ASIA-Plus



Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 26 апрел мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Русия дар Тоҷикистон И.С.Лякин-Фролов доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот  ҷонибҳо сатҳи муносибатҳои миёни Тоҷикистону Русияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҳамчунин дар фазои анъанавии эътимоду созанда доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнов бо кордори Япония дар Тоҷикистон Такаши Камада дидору гуфтушунид карда, зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону баррасӣ ва оид ба масъалаҳои минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.