Парвандаи адвокати ҲНИТ пушти дарҳои пӯшида баррасӣ мешавад



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт рӯзи 3 май ба баррасии парвандаи адвокати маъруфи тоҷик Бузургмеҳр Ёров шурӯъ мекунад. Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида сурат мегирад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» хешони Б.Ёров хабар доданд.

Аввали моҳи апрел Прокуратураи генералии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёровро ба итмом расонида, онро ҷиҳати баррасӣ ба Суди олии ҷумҳурӣ ирсол намуд. Ба парвандаи Б.Ёров муҳри махфӣ гузошта шудаааст.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта нисбати Бузургмеҳр Ёров мутобиқи моддаҳои 189 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ); 247 (Қаллобӣ); 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ), 307.1 (Даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Бузургмеҳр Ёров 29 сентябри соли гузашта баъди аз ҷониби ӯ таъсис дода шудани Кумитаи ҳимояи аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Б.Ёров ҳамчунин шахси бовариноки раиси Ҳизби фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати исломӣ буд. Баъди як рӯзи изҳороти Б.Ёров оид ба нисбати аъзои ҳабсшудаи ҲНИТ истифода шудани шиканҷа, ӯ ба қаллобӣ муттаҳам ва ба ҳабс гирифта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное