Пешгирии кӯшиши навбатии қочоқи сигарет аз Афғонистон



Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ кӯшиши навбатии воридоти ғайриқонунии сигарет (тамоку) аз Афғонистон ба Тоҷикистонро пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Хадамоти гумрук, ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии автомашинаи тамғаи «Дулон» мутаалиқ ба сокини шаҳри Қургонтеппа А. А., аз дохили халтаҳои шакар дар бордони автомашина 6 қутии калони дорои 300 қуттӣ (блок) маҳсулоти тамокугии тамғаи Pine истеҳсоли давлати Корея ошкор ва мусодира карда шудааст.

Гуфта мешавад соҳиби бор ин миқдор маҳсулоти тамокугиро тариқи пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карданӣ будааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ин ҳолат парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное