Эҳтимоли хусусӣ шудани ҳудуди 50 корхона то охири сол

То охири соли равон тариқи музоядаҳо фурӯхтани бастаи саҳмияҳои беш аз 20 ҷамъиятиҳои саҳҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ дорад, дар назар аст. Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, хусусигардонии бастаи саҳмияҳои 31 ҷамъияти […]

ASIA-Plus



То охири соли равон тариқи музоядаҳо фурӯхтани бастаи саҳмияҳои беш аз 20 ҷамъиятиҳои саҳҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ дорад, дар назар аст.

Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, хусусигардонии бастаи саҳмияҳои 31 ҷамъияти саҳҳомӣ тариқи музояда тарҳрезӣ гардида, то 1 апрели соли равон бо ин тарз 10 ҷамъияти саҳҳомӣ хусусӣ гардонида шудааст.

Зимнан таъкид шуд, ки дар ин Барнома тариқи тендерҳо хусусигардонии бастаи саҳмияҳои боз 25 ҷамъияти мутааллиқ ба давлат пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин то охири сол фурӯши бастаи саҳмияҳои 3 ҷамъияти саҳҳомӣ дар чаҳорчӯби хусусигардонии инфиродӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Миёни корхонаҳои давлатӣ, ки бояд то охири сол хусусӣ гардонида шаванд, дар Кумита баъхусус

фурӯши саҳмияҳои ҶСП «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро

қайд карданд. Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумат аз 1 марти соли ҷорӣ оид ба хусусигардонии яке аз бузургтарин осоишгоҳҳои кишвар тендер эълон шуд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумат аз Барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик» хориҷ карда шудааст.

Ҳамчунин қайд шуд, ки аз оғози амалисозии Барнома бо қарорҳои дахлдори Кумита 46 корхонахои давлатӣ бо ҳиссаи 100 фоизаи давлат ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» 

тендери кушод

 эълон шуда буд. Аввали соли равон б

о иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру  навсозии куллӣ

расман  мавриди баҳрабардорӣ

қарор гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.