Оғози кори Форуми СҲШ дар Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Форуми XI Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ кард, ки дар он намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои узви сохтори СҲШ иштирок мекунанд. Дар маросими ифтитоҳи Форум ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ин ҳамоиш қироат намуд. Дар […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҷаласаи Форуми XI Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ кард, ки дар он намояндагони марказҳои таҳлилии кишварҳои узви сохтори СҲШ иштирок мекунанд.

Дар маросими ифтитоҳи Форум ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ паёми шодбошии сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокчиёни ин ҳамоиш қироат намуд.

Дар кори Форум, ки то 29 апрел идома меёбад, 120 нафпр намояндагону коршиносони 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишарҳои узви СҲШ, ИДМ, СААД ва ҳамчунин созмонҳои байнулмилалӣ ширкат меварзанд.

Форуми СҲШ, ки намояндагони доираҳои коршиносӣ ва илмиро муттаҳид месозад, бояд ба як гуна механизми махсуси ғайриҳукуматии Созмон табдил ёбад. Ин як майдони қулай барои муколамаву табодули андеша ва пешниҳоди назарҳои гуногун мебошад, ки бешубҳа ба рушди Созмон мусоидат мекунад.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаҳои СҲШ ҳамасола дар кишварҳои гуногун баргузор мешаванд. Соли 2010 низ иштирокдорони он дар Душанбе гирдиҳам омада буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.