Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Як ҳайати тоҷирони Покистон иборат аз намояндагони вазорату идораҳои бахши тиҷорату савдои Покистон ва ҳамчунин беш аз 100 нафар соҳибкорони покистонии беш аз 50 соҳаи иқтисоди ин кишвар ба Тоҷикистон меоянд;

– Мақомоти шаҳрдории Душанбе дар бораи маҳдуд шудани инткқоли оби ошомиданӣ ба кӯчаҳои А.Дониш, Н.Муҳаммад (бо гузаргоҳҳо), Адҳамов, Айнӣ (аз меҳмонхонаи «Пойтахт» то кӯчаи А.Дониш), гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Айнӣ, кӯчаҳои М.Собиров ва Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур хабар медиҳад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8697

сомонӣ;


1

евро –

8.9061

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1169

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1919

– Оинномаи Лигаи Миллатҳо қабул гардид.


1929

– Дар Анҷумани II-юми Шӯроҳои Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи кишвар Конститутсия қабул карда шуд.


1959

– Дар Душанбе корхонаи «Тоҷиккабел» ба истифода дода шуд.


2001

– Филми коргардони тоҷик Бахтиёр Худоназаров «Лунный папа» (Падари моҳтобӣ) дар номинатсияи «Коргардони беҳтарин» ба ҷоизаи киноакадемияи Русия «Ника» сазовор гардид.


2004

– Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза зидди маблағгузории байнулмилалии терроризм ҳамроҳ шуд.


2010

— Дар Пекин Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Чин ва Тоҷикистон ва ҳамчунин Протокол дар бораи аломатгузорӣ дар марзи давлатии ҳарду кишвар ба имзо расид.


2010

— Парлумон гузаштани Тоҷикистон ба маъулмоти миёнаи умумии 12-соларо тасдиқ кард.


2014

— Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби афроди номаълум мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифт.


1928

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Кибриё Ҳасанова.


1945

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театр Қиёмиддин Чақалов.


1954

– Зодрӯзи адиби ҳаҷву зарофатнавис Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ.


1959

– Мавлуди доктори улуми филология Маҳмадюсуф Имомов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +15+20.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +23+28.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +5+10, рӯзона +18+23; дар шарқ шабона -1-6, рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14 рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +29+31.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

spot_imgspot_img

Популярное