Ҳукми 30 соли зиндон ба қотили кормандони комиссариати ҳарбӣ

Гумонбари асосӣ ба ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Умедҷон Амрохон рӯзи 27 апрел ба 30 соли зиндон маҳкум шуд. Суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро, ки ба ҳамла ба 4 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ва қатли ду нафари онҳо гумонбар дониста мешуд, дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ […]

ASIA-Plus



Гумонбари асосӣ ба ҳамла ва қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино Умедҷон Амрохон рӯзи 27 апрел ба 30 соли зиндон маҳкум шуд.

Суди шаҳри Душанбе Умедҷони Амрохонро, ки ба ҳамла ба 4 корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт ва қатли ду нафари онҳо гумонбар дониста мешуд, дар содир намудани ҷиноят мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ – куштори ду шахс ва бештар аз он ва куштори шахсони дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ қарордошта гунаҳкор эътироф намуд. Умедҷони Амрохон 25 сол муҳлати адои ҷазоро дар зиндони низомаш сангин ва 5 соли дигарро дар маҳбаси пӯшида паси сар мекунад.

Қобили зикр аст, ки қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода барои Умедҷони Амрохон

ҳукми ҳабси абадро

дархост намуда буд.

Ҳамчунин дигар хешону ҳамроҳони дар курсии айбдорӣ нишастаи ӯ дар робита ба ин ҷиноят – Наврӯзҷон Мирзоев барои хабар надодан дар бораи ҷиноят ба 4 сол, Одилҷон Мирзоев – ба 3,5 сол, Шарифҷон Раҳматов – ба 1,5 сол ва Ҷумъахони Давлатшо ва Шоҳинҷон Сафаров – ба 1 солии зиндон маҳкум карда шуданд.

Ёдрас мекунем, ки 

субҳи рӯзи 7 ноябр

 афроди номаълум  ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. ВКД Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.