Суди олии Чеченистон ҳукм нисбати сокини Тоҷикистонро, ки ба куштани ҳамсараш суиқасд карда буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Бино ба
маълумоти
прокуратураи Русия дар Ҳавзаи федералии Қафқози шимолӣ, Суди олии Чеченистон аризаи таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и шаҳрванди Тоҷикистон Имомиддин Давидовро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Ленини шаҳри Грозний барои суиқсад ба куштори ҳамсараш ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд, баррасӣ намуд.
Гуфта мешавад, вақте Давидов мефаҳмад, ки ҳамсараш бидуни ӯро огоҳ кардан кӯдакони хурдсолро дар Тоҷикистон монда, барои кор дар нуқтаи шустушӯйи автомашинаҳо ба Грозний омадааст, бо занаш муноқиша карда, ҳангоми ҷанҷол бар асари рашк ба ӯ бо корд 13 зарба задааст. Хушбахтона, зан зинда мондааст.
Дар мурофиа мард изҳор доштааст, ки ҳамсарашро куштанӣ набуда, танҳо тарсониданӣ ва ақлашро ба ҷояш оварданӣ будааст. Зани зиндамондааш низ дархост кардааст, ки ҷазо сабуктар карда шавад.



