Дар Чеченистон як тоҷик ба ҳамсараш 13 маротиба бо корд зарба зад

Суди олии Чеченистон ҳукм нисбати сокини Тоҷикистонро, ки ба куштани ҳамсараш суиқасд карда буд, бетағйир боқӣ гузошт. Бино ба маълумоти прокуратураи Русия дар Ҳавзаи федералии Қафқози шимолӣ, Суди олии Чеченистон аризаи таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и шаҳрванди Тоҷикистон Имомиддин Давидовро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Ленини шаҳри Грозний барои суиқсад ба куштори ҳамсараш ба 7 соли зиндони […]

ASIA-Plus



Суди олии Чеченистон ҳукм нисбати сокини Тоҷикистонро, ки ба куштани ҳамсараш суиқасд карда буд, бетағйир боқӣ гузошт.

Бино ба

маълумоти

прокуратураи Русия дар Ҳавзаи федералии Қафқози шимолӣ, Суди олии Чеченистон аризаи таҷдиди назар (апеллятсионӣ)-и шаҳрванди Тоҷикистон Имомиддин Давидовро, ки аз ҷониби суди ноҳияи Ленини шаҳри Грозний барои суиқсад ба куштори ҳамсараш ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд, баррасӣ намуд.

Гуфта мешавад, вақте Давидов мефаҳмад, ки ҳамсараш бидуни ӯро огоҳ кардан кӯдакони хурдсолро дар Тоҷикистон монда, барои кор дар нуқтаи шустушӯйи автомашинаҳо ба Грозний омадааст, бо занаш муноқиша карда, ҳангоми ҷанҷол бар асари рашк ба ӯ бо корд 13 зарба задааст. Хушбахтона, зан зинда мондааст.

Дар мурофиа мард изҳор доштааст, ки ҳамсарашро куштанӣ набуда, танҳо тарсониданӣ ва ақлашро ба ҷояш оварданӣ будааст. Зани зиндамондааш низ дархост кардааст, ки ҷазо сабуктар карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.