Вазорати фарҳанг: Дар Душанбе танҳо 4 иншоот арзиши таърихиву меъморӣ доранд

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар бораи арзиши бостониву меъморӣ доштани 15 иншоот дар шаҳри Душанберо рад мекунад. Дар Вазорати фарҳанг дар ин робита иброз доштанд, ки дар Душанбе танҳо 4 иншоот – бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҷмааи Исмоили Сомонӣ (соли 1999) ва шаҳраки Душанбеи қадим (асри […]

ASIA-Plus



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар бораи арзиши бостониву меъморӣ доштани 15 иншоот дар шаҳри Душанберо рад мекунад.

Дар Вазорати фарҳанг дар ин робита иброз доштанд, ки дар Душанбе

танҳо 4 иншоот

– бинои Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, бинои Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Маҷмааи Исмоили Сомонӣ (соли 1999) ва шаҳраки Душанбеи қадим (асри III пеш аз милод) арзиши таърихиву меъморӣ дошта, аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ кӯчонида ё аз байн бурда намешаванд.

«Ин маълумоти охирин аст, ки рӯзи 18 апрел дар конфронси Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи байналхалқии ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ садо дода буд», – таъкид дошт сармутахассиси шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Хоҷаев ва илова намуд, ки ахиран дар ин рӯйхат ҳеҷ тағйироте сурат нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки

Радиои Озодӣ

бо истинод ба мақомоти шаҳрдории пойтахт рӯйхати 15 иншооти дорои арзиши таърихиву меъмории шаҳри Душанберо нашр намуд. Дар ин маълумот зикр мегардад, ки ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии шаҳрсозии Русия “Гипрогор” нақшаи куллии Душанберо, ки ҳанӯз соли 1983 таҳия шуда буд, такмил карда,бар асоси ин нақша, меъморони “Гипрогор”-и Русия дар шаҳри Душанбе 15 биноро ёдгории меъморӣ эътироф кардаанд:

1. Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ

2. Бинои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон

3. Бинои Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ

4. Бинои китобхонаи собиқи Фирдавсӣ (ҳоло Палатаи ҳисоб)

5. Меҳмонхонаи “Пойтахт”

6. Осорхонаи кишваршиносӣ

7. Бинои Филармонияи давлатӣ

8. Бинои Академияи илмҳои Тоҷикистон

9. Бинои Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ

10. Чойхонаи “Роҳат”

11. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббӣ

12. Биноҳои бо каркаси чандир дар хиёбони Рудакӣ

13. Маҷмӯи манзилҳои зист дар рӯ ба рӯи боғи Рӯдакӣ

14. Бинои бисёрқабата дар кунҷи майдони 800-солагии Маскав

15. Бинои “Кохи Ваҳдат”.

Дарёфти ин рӯйхат дар сомонаи расмии мақомоти шаҳрдории Душанбе муяссар нашуд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ низ аз шарҳи масъалаи мазкур ба «Азия-Плюс» худдорӣ варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.