Бар асари буҳрон даромади воқеъии аҳолӣ кам шуд

Дар таҳқиқоти нави хонаводаҳо таҳти унвони «Слушая Таджикистан»-и Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти соли ҷорӣ даромади миёнаи воқеъӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон кам шуд. «Коҳиши даромадҳо дар ҳамаи зергурӯҳҳо (аҳолии шаҳру деҳот, 40% аҳолии аз ҳама камтар таъмин ва 60% аҳолии бештар таъмин) ба мушоҳида расид, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар таҳқиқоти нави хонаводаҳо таҳти унвони «Слушая Таджикистан»-и Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) қайд мешавад, аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи марти соли ҷорӣ даромади миёнаи воқеъӣ ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон кам шуд.

«Коҳиши даромадҳо дар ҳамаи зергурӯҳҳо (аҳолии шаҳру деҳот, 40% аҳолии аз ҳама камтар таъмин ва 60% аҳолии бештар таъмин) ба мушоҳида расид, ки ба таври афзалиятнок оқибати коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ, даромад аз шуғли мустақилона ва фаъолият дар бахши кишоварзӣ дар мавсими зимистон мебошад», – омадааст дар гузориш.

Таҳқиқгарони Бонки ҷаҳонӣ таъкид мекунанд, ки аз моҳи ноябри соли 2015 даромади миёнаи воқеъӣ ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 24% кам шуда, аммо дар давраи моҳҳои январ-март  миёни 40% аҳолии аз ҳама камтар таъмин каме боло рафт.

«Моҳҳои зимистон коҳиши ҳиссаи роҳбарони хонаводаҳо, ки айни замон дар ҷумҳурӣ кор мекунанд, идома ёфта, дар давраи аз моҳи январ то моҳи март боз рӯ ба афзоиш ниҳода, қариб ба 45% раси»», – зикр мегардад дар таҳқиқот.

Дар он ҳамчунин қайд мешавад, ки аз моҳи ноябр то моҳи январ даромади миёна аз маблағҳои пулии интиқолёфта миёни хонаводаҳо кам шуда, вале аз моҳи январ каме афзудааст.

«Аммо аз моҳи ноябр ҳиссаи хонаводаҳое, ки ба онҳо маблағҳои пулӣ интиқол дода мешаванд, бемайлон кам мешавад ва ин омил бештар хусусияти мавсимӣ дорад, лекин он ҳамчунин ба коҳиши минбаъдаи ҳиссаи хонаводаҳо, ки ягон даромаде дар муддати 10 рӯзи пеш аз назарсанҷӣ гирифта бошанд, низ таъсир расонд», – омадааст дар гузориш.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.