Даргузашти бародари раиси палатаи поёнии парлумон



Лоиқ Зуҳуров, бародари раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров пас аз бемории тӯлонӣ рӯзи 2 май дар синни 43-солагӣ аз олам даргузашт.

Худи ҳамон рӯз дар яке аз оромгоҳҳои ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон маросими ҷанозаи марҳум доир гардида, ҷасади ӯ ба хок супурда шуд.


Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба пайвандону наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, ба онҳо аз даргоҳи Парвардигор сабру таҳаммул металабанд.

spot_imgspot_img

Популярное