Тарҳи сохтмони беш аз 30 НБО-и бузургу миёна дар Тоҷикистон

Дар Харитаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таҳия шудааст, лоиҳаи сохтмони 34 нерӯгоҳи барқи обии нави бузургу миёна пешниҳод мешавад. Аз ҷумла, бунёди 12 нерӯгоҳи нав (бо иқтидори аз 100 ва болотар аз он Мегаватт) дар дарёи Панҷ, 6 нерӯгоҳ – дар дарёи Зарафшон бо иқтидори то 210 […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар Харитаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таҳия шудааст, лоиҳаи сохтмони 34 нерӯгоҳи барқи обии нави бузургу миёна пешниҳод мешавад.

Аз ҷумла, бунёди 12 нерӯгоҳи нав (бо иқтидори аз 100 ва болотар аз он Мегаватт) дар дарёи Панҷ, 6 нерӯгоҳ – дар дарёи Зарафшон бо иқтидори то 210 МВт), 5 нерӯгоҳ – дар дарёи Оби Хингов, 4 нерӯгоҳ – дар дарёи Сурхоб, 3-тогӣ нерӯгоҳ- дар дарёҳои Мастчоҳ ва Вахш ва 1 нерӯгоҳ – дар Амударё пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаҳои бештар бузургтар инҳоанд: сохтмони НБО Рӯшон дар дарёи Панҷ (бо иқтидори 3 ҳазор МВт); сохтмони НБО «Дарвозаҳои хоро» дар дарёи Панҷ (2,1 ҳазор МВт); сохтмони НБО Ҷумар дар дарёи Панҷ (2 ҳазор МВт); бунёди НБО Ширговад дар дарёи Панҷ (1,9 ҳазор МВт) ва сохтмони НБО Хустав дар дарёи Панҷ (1,2 ҳазор МВт).

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 11 нерӯгоҳҳои барқи обии миёна ва бузург фаъолият доранд, ки бузургтаринаш нерӯгоҳи Норак бо иқтидори 2,7 ҳазор МВт мебошад.

Қобили зикр аст, ки феълан дар дарёи Вахш сохтмони НБО Роғун бо иқтидори 3,6 ҳазор МВт идома дорад.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 200 неругоҳҳои барқи обии хурд низ амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.