Нашри варақаҳои овоздиҳӣ барои раъйпурсӣ бо 4 забон

Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр мерасанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, нусхаҳои қисмати асосӣ ва бештари варақаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 4,3 млн. ададро ташкил хоҳанд дод, бо […]

Аваз Юлдошев



Варақаҳои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва қирғизӣ ба нашр мерасанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, нусхаҳои қисмати асосӣ ва бештари варақаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 4,3 млн. ададро ташкил хоҳанд дод, бо забони тоҷикӣ нашр шуда, ба мҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар он шумори зиёди мардуму русу ӯзбек ва қирғиз иқомат доранд, варақаҳо бо ҳамин забонҳо низ фиристода мешаванд.

Варақаи овоздиҳӣ аз матни зерин иборат аст: «Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро қабул доред?». Ду шакли посух низ мавҷуд аст: «Ҳа» ва «Не».

Ҳамчунин дар варақаи овздиҳӣ тартиби дуруст пур кардани он низ зикр мешавад.

Варақаҳо дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расида, як сатҳи муҳофизат хоҳанд дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.