Cомонаи сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ фаъол шуд

Имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сомонаи худро бо суроғаи “www.tajemb-ksa.org” дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол намуд. Сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз бахшҳои гуногун иборат буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ маводи иттилоотию таҳлилӣ ва тарғиботӣ доир ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи ду кишвар, табиати биҳиштосои Тоҷикистон, сарватҳои […]

Иттилоияи расмӣ



Имрӯз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сомонаи худро бо суроғаи “www.tajemb-ksa.org” дар шабакаи ҷаҳонии интернет фаъол намуд.

Сомонаи Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз бахшҳои гуногун иборат буда, бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ маводи иттилоотию таҳлилӣ ва тарғиботӣ доир ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди гуногунҷанбаи ду кишвар, табиати биҳиштосои Тоҷикистон, сарватҳои бебаҳои табиӣ, фазои сармоягузорию сайёҳии кишвар ва таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон паҳн хоҳад кард. Сомона саршор аз маводи хабарию таҳлилӣ, видеоӣ  ва аксу мусаввараҳо буда, тамоми сарватҳо ва зебоиҳои табиию фарҳангии Тоҷикистонро ба мардуми Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳои арабзабон пешкаш менамояд.

Роҳбарият ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ умедворанд, ки бо фаъол намудани сомонаи худ дар шабакаи ҷаҳонии интернет метавонанд дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон бо ин ва дигар кишварҳои ҷаҳони араб саҳми бештар дошта бошанд.

Хонандагони сомона ҳамчунин метавонанд доир ба таърихи муносибатҳои Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, фаъолияти сафорати мо дар ин кишвар, кормандони сафорат, масоили консулӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ маълумоти кофӣ пайдо намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.