Президенти Қирғизистон С.Асловро ба ҳузур пазируфт



Президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев рӯзи 30 апрел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Асловро, ки бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафтааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, зимни мулоқот масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек Сироҷиддин Аслов ҳамчунин бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев низ дидору гуфтушунид карда, дар мулоқот масоили муҳими тамоми ҷанбаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуданд.

Роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии кишвар итминон изҳор намуданд, ки муносибатҳои кунунӣ ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Қирғизистону Тоҷикистон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Зимни вохӯрӣ таъкид шуд, ки натиҷаҳои гуфтушунид ва мувофиқаҳои ҳосилшуда нишон доданд, ки Қирғизистону Тоҷикистон ният доранд минбаъд низ ҳамкориҳоро густарда ба роҳ монда, муносибатҳои иттифоқчигӣ ва шарикии стратегиро тақвият бахшанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, президенти Қирғизистон рӯзи 12 май ба Душанбе ташриф оварда, ба ҷуз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи CASA-1000, ҳамчунин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад. Зимни ин сафар имзои як бастаи созишномаҳо миёни кишварҳо, аз ҷумла созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил дода, то ҳанӯз 567 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное