Ҳамарӯза то 300 нафар тариқи фурудгоҳ ба муҳоҷират мераванд

ASIA-Plus



Намояндаи мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Фирдавс Қурбонов бар ин назар аст, ки сабаби аслии истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия аз ҷониби онҳо нодида гирифтани меъёрҳои қонунгузории муҳоҷирати Русия аст.

Ӯ қайд кардааст, ки ҳар кадоме аз муҳоҷирони корӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳо заруриеро, ки будубоши қонунии ӯро дар Русия тасдиқ мекунанд, аз ҷумла иҷозатнома барои кор, патент ё шаҳодатнома дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва қонунҳои Русияро бо худ дошта бошанд.

Ба қавли Қурбонов, мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо шаҳрвандоне, ки муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишварро ихтиёр мекунанд, корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

«Пеш аз сафар дар ҳар рӯзи басти корӣ бо 150 то 300 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони мамлакат, ки тариқи фурудгоҳ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд,  вохӯриҳо гузаронида мешаванд», – иттилоъ медиҳад

дафтари матбуоти

мақомоти муҳоҷират бо такя ба гуфтаҳои Қурбонов.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...