Баъди гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор намуд, ки барои ҳамкории пурсамар Тоҷикистону Афғонистон аз имконоти хеле зиёд бархӯрдоранд, ки онро тадриҷан мебояд истифода кард.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистону Афғонистон забону фарҳанг ва дини умумӣ доранд, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозад. Ӯ хизматҳои президенти Тоҷикистонро дар масоили надикшавии кишварҳо баланд арзёбӣ намуд.
Сарвари давлати Афғонистон бар ин назар аст, ки лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки маросими оғози расмиаш рӯзи панҷшанбе дар шаҳриТурсунзода доир мегардад, бояд ба як марҳилаи наве барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табдил ёбад.
Ӯ қайд кард, ки CASA-1000 натанҳо як лоиҳа, балки ҳамчун рамзи муносибатҳои нави мутақобила, наздикшавии кишварҳои минтақа – Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва дар оянда Ҳиндустон мебошад. «Баъди амалисозии ин лоиҳа барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои гуногун имконоти нав пайдо мешаванд», – гуфт ӯ.
Зимни гуфтушунид президенти кишвари ҳамсоя ҳамтои тоҷики худро ба сафари ҷавобӣ ба Афғонистон даъват намуда, Э.Раҳмон онро бо қаноатмандӣ пазируфт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати баррасии масоили густариши ҳамкориҳо ҳадди ақал соле ду маротиба бо ҳам мулоқот кунанд.



