Ҳалокати 3 нафар дар ду садамаи нақлиёт

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сппаришуда дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт се нафар ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 7 май ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, марди 45-солаи сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди деҳаи Ғажнии ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сппаришуда дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари садамаҳои нақлиёт се нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 7 май ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, марди 45-солаи сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Душанбе ба самти вилояти Суғд, дар ҳудуди деҳаи Ғажнии ноҳияи Варзоб, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ба дохили дарёи Варзоб чаппа шуда, дар натиҷа худи ронанда ва мусофири автомашина, зани 30-солаи сокини ш.Душанбе дар дарё ғарқ ва ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Камри”, марди 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар таваққуфгоҳи ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе писарбачаи 2-солаи сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст, ки дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба  ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.