Иқтисодчиёни маъруфи дунё ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват карданд

Ба андешаи коршиносон, барои мавҷудияти офшорҳо «асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад», вале дар ҳамин ҳол, иқтисодчиён эътироф мекунанд, ки аз байн бурдани минтақаи имтиёзҳои андозӣ кори начандон осоне хоҳад буд. Хабаргузории «Мавҷи Олмон» (Немецкая волна) менависад, беш аз 300 нафар иқтисодчиён аз 30 кишвари ҷаҳон сарони кишварҳоро ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват намудаанд, зеро ба андешаи онҳо, […]

ASIA-Plus



Ба андешаи коршиносон, барои мавҷудияти офшорҳо «асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад», вале дар ҳамин ҳол, иқтисодчиён эътироф мекунанд, ки аз байн бурдани минтақаи имтиёзҳои андозӣ кори начандон осоне хоҳад буд.

Хабаргузории «Мавҷи Олмон» (Немецкая волна) менависад, беш аз 300 нафар иқтисодчиён аз 30 кишвари ҷаҳон сарони кишварҳоро ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват намудаанд, зеро ба андешаи онҳо, минтақаҳои дорои имтиёзоти андозӣ «ба ҳадафҳои иқтисодӣ нигаронида нашудаанд» ва ба «некӯаҳволии саросари ҷаҳон» чизе зам намекунанд.

Ин изҳоротро ВАО рӯзи 9 май дар остонаи конфронс оид ба мубориза бо коррупсия интишор карданд, ки баъди чанд рӯз дар Лондон бо иштироки сиёсатмадорон аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор доир мегардад.

«Аз байн бурдани офшорҳо осон нахоҳад буд, чунки ин ҷо манфиатҳои бузурги шахсии касоне ҷой дорад, ки аз вазъи ҷорӣ қаноатманданд», – гуфтаанд муаллифони даъват. Ба ақидаи онҳо, «барои мавҷудияти минбаъдаи офшорҳо «ҳеҷ гуна асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад». Миёни муаллифони муроҷиатнома дорандаи ҷоизаи Нобел оид ба иқтисод дар соли 2015 Ангус Дитон, собиқ сариқтисодчии Хазинаи байнулмилалии асъор Аливе Бланшар ва боз бисёре аз иқтисодчиёни маъруф ҳузур доранд.

Қобили зикр аст, ки баъди интишори «Авроқи Панама» ба офшорҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Миёни ин афрод аз нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон низ ном бурда шуда, зикр гардид, ки падари соли 2010 даргузаштаи ӯ як ширкати офшорӣ доштааст. Худи Кэмерон изҳор намуд, ки падараш аз пардохти андоз саркашӣ накарда, ширкатро «барои ҳадафҳои сармоягузорӣ» истифода мекард.


«Офшор»

, яъне берун аз соҳил ё ба маънои “ҷазира” – манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.