Шиносоии намояндагони ВАО бо рафти омодагӣ ба ҷашни истиқлолият дар ВМКБ

Ҳайати журналистони васоити ахбори умумии марказии давлатии Тоҷикистон дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) дар ин робита иттилоъ доданд, ҳайатро раиси Иттиҳод Зинатулло Исмоизода раҳбарӣ намуда, рӯзи 9 май журналистонро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфтааст. […]

ASIA-Plus



Ҳайати журналистони васоити ахбори умумии марказии давлатии Тоҷикистон дар доираи корҳои омодагӣ ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (ИЖТ) дар ин робита иттилоъ доданд, ҳайатро раиси Иттиҳод Зинатулло Исмоизода раҳбарӣ намуда, рӯзи 9 май журналистонро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз рӯзноманигорон дар кори мизи гирд таҳти унвони «Саҳми ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ» иштирок мекунанд, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор мешавад. Дар мизи гирд роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ Худойбердӣ Холиқназар, муовини раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва ҳамчунин раиси ИЖТ Зинатулло Исмоилзода маърӯза мекунанд.

Дар доираи ин сафар намояндагони ВАО-и давлатӣ аз ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ боздид карданианд. Ҷашни 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.