Ашраф Ғанӣ: Тоҷикистону Афғонистон имконоти хеле зиёди ҳамкорӣ доранд

Баъди гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор намуд, ки барои ҳамкории пурсамар Тоҷикистону Афғонистон аз имконоти хеле зиёд бархӯрдоранд, ки онро тадриҷан мебояд истифода кард. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистону Афғонистон забону фарҳанг ва дини умумӣ доранд, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозад. Ӯ хизматҳои […]

ASIA-Plus



Баъди гуфтушунид бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ изҳор намуд, ки барои ҳамкории пурсамар Тоҷикистону Афғонистон аз имконоти хеле зиёд бархӯрдоранд, ки онро тадриҷан мебояд истифода кард.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистону Афғонистон забону фарҳанг ва дини умумӣ доранд, ки дар рушди муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозад. Ӯ хизматҳои президенти Тоҷикистонро дар масоили надикшавии кишварҳо баланд арзёбӣ намуд.

Сарвари давлати Афғонистон бар ин назар аст, ки лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки маросими оғози расмиаш рӯзи панҷшанбе дар шаҳриТурсунзода доир мегардад, бояд ба як марҳилаи наве барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба табдил ёбад.

Ӯ қайд кард, ки CASA-1000 натанҳо як лоиҳа, балки ҳамчун рамзи муносибатҳои нави мутақобила, наздикшавии кишварҳои минтақа – Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон ва дар оянда Ҳиндустон мебошад. «Баъди амалисозии ин лоиҳа барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар бахшҳои гуногун имконоти нав пайдо мешаванд», – гуфт ӯ.

Зимни гуфтушунид президенти кишвари ҳамсоя ҳамтои тоҷики худро ба сафари ҷавобӣ ба Афғонистон даъват намуда, Э.Раҳмон онро бо қаноатмандӣ пазируфт. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати баррасии масоили густариши ҳамкориҳо ҳадди ақал соле ду маротиба бо ҳам мулоқот кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.