Э.Раҳмон: Мубориза бо таҳдидҳои замони муосир амри ҳаётӣ аст

ASIA-Plus



Зимни ироаи Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.

«Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид», – гуфт Э.Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самтро ҷонибҳо чун амри ҳаётӣ маънидод карданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

«Мо борҳо изҳор карда будем, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад ва аз ин лиҳоз, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад», – гуфт Э.Раҳмон.

Президенти Афғонистон дар ин росто қайд кард, ки имрӯз ҷаҳони ислом бо таҳдидҳои зиёде рӯбарӯ мешавад, ки хатарноктаринаш терроризм мебошад.

Ӯ таъкид дошт, ки «терроризм дину марз надорад» ва изҳор намуд, ки Афғонистон дар сафҳои пеши мубориза бо ин таҳдид қарор дорад. “Мо ҳамаҷониба талош дорем, ки ба ин таҳдиди муосир муқовимат нишон диҳем”, – гуфт ӯ ва аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал овард, ки баҳри мубориза бо ин падидаи хатарноки асри нав ҳамкориҳоро хубтар ба роҳ монанд.

Матни пурраи Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро

бо ин суроға

қобили дарёфт аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...