Ифшои номи 10 шаҳрванди Тоҷикистон дар «Авроқи Панама»

“Авроқи Панама” (Panama Papers) дар пайи ифшогариҳояш номи даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро низ ошкор кардааст, ки асосан ширкатҳои худро дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиния ва Баҳама сабтином кардаанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , дар ин рӯйхат шаҳрвандони зерини Тоҷикистон сабт шудаанд: Сафармад Сафаров, Бахтиёр Муъминов, Абдумуъмин Абдушукуров, Зарифбек Давлатов, Беҳзод Файзуллоев, Фирӯза Акрамова, Салим Халилов, Дилшод […]

Радиои Озодӣ



“Авроқи Панама” (Panama Papers) дар пайи ифшогариҳояш номи даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро низ ошкор кардааст, ки асосан ширкатҳои худро дар ҷазираҳои оффшории Вирҷиния ва Баҳама сабтином кардаанд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, дар ин рӯйхат шаҳрвандони зерини Тоҷикистон сабт шудаанд: Сафармад Сафаров, Бахтиёр Муъминов, Абдумуъмин Абдушукуров, Зарифбек Давлатов, Беҳзод Файзуллоев, Фирӯза Акрамова, Салим Халилов, Дилшод Шоҳмамадов, Ҳакимбой Зиёевич ва Мансурҷон Ҳамидов.

Дар ин феҳрист номи Беҳзод Файзуллоев, раҳбари ширкати Babilon, ва Бахтиёр Муъминов ба ҳайси саҳом ва раҳбари ширкатҳои гуногун ду бор сабт шудааст.

Бар асоси санади “Авроқи Панама”, шаш нафари аввали ин феҳрист дар ҷазираҳои Вирҷиния сабтином шуда, танҳо маҳалли қайди ширкати Салим Халилов ҷазираи Баҳама нишон дода шудааст. Ҷои сабтиноми се тани дигар – Дилшод Шоҳмамадов, Ҳакимбой Зиёевич ва Мансурҷон Ҳамидов – номуайян гуфта шудааст.

Ҳамин тавр, Сафармад Сафаров – саҳоми ширкати “Ashton Business Group Limited”, Бахтиёр Муъминов – раҳбари ширкати “B&M It Scientific Solutions Ltd” ва “Hightron Holdings Inc.”, Абдумуъмин Абдушукуров – саҳмдори “Verony Interinvest Limited”, Зарифбек Давлатов – саҳмдори “Penkridge Global Limited”, Беҳзод Файзуллоев – саҳмдори “BF& Brothers Management Holdings Ltd.” ва “Hightron Holdings Inc.”, Фирӯза Акрамова – саҳмдори “Incred Company Corp.”, Салим Халилов – саҳмдори “Worl Development Corp.”, Дилшод Шоҳмамадов – саҳоми “Orvitel Enterprises, Corp.”, Ҳакимбой Зиёевич – саҳоми “Valento Commerce Limited” ва Мансурҷон Ҳамидов – саҳоми “Rosington Projects Ltd.” муаррифӣ шудаанд.

Маркази гузоришҳо дар бораи ҷиноятҳои созмонёфта ва ришвахорӣ (OCCRP) дар якҷоягӣ бо Консорсиуми байналмилалии рӯзноманигорони пажӯҳишгар (ICIJ) моҳи гузашта матолиби бузургеро дар бораи фасод дар мақомоти олии Русия, Озарбойҷон, Украина, Сербия, Исландия, Бритониё ва кишварҳои дигар чоп карданд. Як бахши “Авроқи Панама” дар бораи афроди наздик ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки онҳо тавассути бонки “Россия” ва ширкатҳои оффшории Панама беш аз 2 миллиард долларро “обу лой” кардаанд.

“Офшор”, яъне берун аз соҳил ё ба маънои “ҷазира” – манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.