Ҳалокати модару писар бар асари селфароӣ

Рӯзи 9 май дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел фаромада, сокини 41 солаи деҳа ва писари 17- солаи вай ҳалок гаштанд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ҳангоми рух додани ҳодиса модару писар дар болои […]

АМИТ «Ховар»



Рӯзи 9 май дар натиҷаи боронҳои зиёд дар деҳаи Ревади ҷамоати Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд сел фаромада, сокини 41 солаи деҳа ва писари 17- солаи вай ҳалок гаштанд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, ҳангоми рух додани ҳодиса модару писар дар болои кӯҳ чорвои худро мечаронидаанд. Дар натиҷаи боришот чорводорони маҳаллӣ низ зарар дидаанд.

Наҷотдиҳандагони Ситоди КҲФ ва МГ дар вилояти Сугд дар ҷараёни корҳои кофтуковию наҷотдиҳӣ ҷасади ҷавони ҳалокгашта ва модарашро дарёфт намуданд.

Худи ҳамон рӯз дар деҳаҳои Шӯрча ва Кӯктоши ҷамоати Халифа Ҳасани ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи боридани борони сел ярч фаромада, як қатор манзилҳои истиқомативу корхонаҳо, 2 км роҳи мошингард, 2 кӯпрук ва 60 гектар заминҳои киштро хароб сохт.

Айни замон барои расонидани кумак ба аҳолӣ ба ноҳия роҳбарони КҲФ ва МГ омада, Комиссия оид ба барҳам додани оқибатҳои ҳолати фавқулода таъсис ва ситодҳо ташкил шудаанд. Масъалаи расонидани кумаки зарурӣ ба аҳолии зарардида баррасӣ мешавад.

КҲФ аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки зимни гузаштан аз ноҳияҳое, ки фаромадани ярчу санг имкон дорад, ҳушёр бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.