Э.Раҳмон: Мубориза бо таҳдидҳои замони муосир амри ҳаётӣ аст

Зимни ироаи Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад. «Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир […]

ASIA-Plus



Зимни ироаи Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.

«Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид», – гуфт Э.Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон қайд кард, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самтро ҷонибҳо чун амри ҳаётӣ маънидод карданд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд.

Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.

«Мо борҳо изҳор карда будем, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад ва аз ин лиҳоз, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад», – гуфт Э.Раҳмон.

Президенти Афғонистон дар ин росто қайд кард, ки имрӯз ҷаҳони ислом бо таҳдидҳои зиёде рӯбарӯ мешавад, ки хатарноктаринаш терроризм мебошад.

Ӯ таъкид дошт, ки «терроризм дину марз надорад» ва изҳор намуд, ки Афғонистон дар сафҳои пеши мубориза бо ин таҳдид қарор дорад. “Мо ҳамаҷониба талош дорем, ки ба ин таҳдиди муосир муқовимат нишон диҳем”, – гуфт ӯ ва аз ҳамаи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон даъват ба амал овард, ки баҳри мубориза бо ин падидаи хатарноки асри нав ҳамкориҳоро хубтар ба роҳ монанд.

Матни пурраи Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро

бо ин суроға

қобили дарёфт аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.