Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Комбинати металлургӣ шинос шуд

АМИТ «Ховар»



Сарвазири  мамлакат Қоҳир  Расулзода дар шаҳри Ҳисор  бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  «Комбинати  металлургии Тоҷикистон» шинос шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сохтмони «Комбинати  металлургии  Тоҷикистон»  соли 2011 шурўъ  гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иқтидори  солонаи  корхонаи  саноатӣ   дар  соли  аввали  фаъолият баробар  ба  120 ҳазор тонна буда, дар  соли  сеюми  фаъолият аллакай  иқтидори он то ба  400 ҳазор  тонна дар  як сол расонида мешавад.

Соли аввали корӣ  дар  ин  корхона  500  нафар  бо  ҷойи  кор таъмин  мегардад ва  баробари тақвияти иқтидори  истеҳсолӣ   дар соли сеюми  фаъолият  шумораи  коргарон  аз  ҳисоби  аҳолии  маҳалӣ  то  1000  нафар  мерасад. Дар  айни  ҳол  дар  пешбурди  корҳои  сохтмонӣ ва  васлу  насби  таҷҳизот беш аз 150  нафар ҷалб шудаанд, ки 130  нафари онҳо  коргарони  маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмони қисмати асосии  корхона ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар айни замон васлу насби таҷҳизоту технологияи нави корӣ бо маром идома дорад.

Сарвазири  мамлакат  барои  анҷоми  босифати  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар  корхонаҳои  металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...