Сарвазир бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Комбинати металлургӣ шинос шуд

Сарвазири  мамлакат Қоҳир  Расулзода дар шаҳри Ҳисор  бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  «Комбинати  металлургии Тоҷикистон» шинос шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сохтмони «Комбинати  металлургии  Тоҷикистон»  соли 2011 шурўъ  гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Иқтидори  солонаи  корхонаи  саноатӣ   дар  соли  аввали  фаъолият баробар  ба  120 ҳазор тонна буда, […]

АМИТ «Ховар»



Сарвазири  мамлакат Қоҳир  Расулзода дар шаҳри Ҳисор  бо рафти корҳои сохтмонӣ дар  «Комбинати  металлургии Тоҷикистон» шинос шуд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», сохтмони «Комбинати  металлургии  Тоҷикистон»  соли 2011 шурўъ  гардида, тибқи нақша то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иқтидори  солонаи  корхонаи  саноатӣ   дар  соли  аввали  фаъолият баробар  ба  120 ҳазор тонна буда, дар  соли  сеюми  фаъолият аллакай  иқтидори он то ба  400 ҳазор  тонна дар  як сол расонида мешавад.

Соли аввали корӣ  дар  ин  корхона  500  нафар  бо  ҷойи  кор таъмин  мегардад ва  баробари тақвияти иқтидори  истеҳсолӣ   дар соли сеюми  фаъолият  шумораи  коргарон  аз  ҳисоби  аҳолии  маҳалӣ  то  1000  нафар  мерасад. Дар  айни  ҳол  дар  пешбурди  корҳои  сохтмонӣ ва  васлу  насби  таҷҳизот беш аз 150  нафар ҷалб шудаанд, ки 130  нафари онҳо  коргарони  маҳаллӣ мебошанд. Корҳои сохтмони қисмати асосии  корхона ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар айни замон васлу насби таҷҳизоту технологияи нави корӣ бо маром идома дорад.

Сарвазири  мамлакат  барои  анҷоми  босифати  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар  корхонаҳои  металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.