Оғози сафари расмии президенти Афғонистон ба Тоҷикистон

Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст. Имрӯз сарвари давлати Афғонистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus



Президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ моҳи сентябри соли 2014 ба мансаби раисҷумҳури Афғонистон интихоб шуда, ин боздид нахустин сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон аст.

Имрӯз сарвари давлати Афғонистонро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта, сипас тибқи барнома гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор мешаванд. Ҳамчунин маросими гулчанбаргузорӣ назди пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва суханронии Ашраф Ғанӣ дар яке аз мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар назар аст.

Пас аз анҷоми расмиёти сафари расмӣ санаи 12 май президенти Афғонистон ҳамроҳ бо сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва нахуствазири Покистон дар маросими оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) иштирок мекунад.

Дар 

маводи ВКХ Тоҷикистон

 доир ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон қайд мешавад, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон соли 2001 расман ба фаъолият шурӯъ кард. Аввалин консулгарии Тоҷикистон дар ш. Толиқон, вилояти Тахор Афғонистон соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Ифтитоҳи бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон 25 октябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваст. Мулоқотҳои президентҳои ду кишвар солҳои 1996, 2001 ва 2006 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардидаанд.

Дар Тоҷикистон ҷамъ 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Афғонистонро беш аз 70 санади ҳуқуқӣ дар самтҳои мухталифи ҳамкории ду кишвар ташкил мекунад. Дар соли 2013 барои шаҳрвандони Афғонистон барои таҳсил дар макотиби олии Тоҷикистон 50 бурсия ҷудо шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.