Эмомалӣ Раҳмон розигии парлумон ба таъини омбудсмени кӯдаконро дархост кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба таъини Раҷабмоҳ Бадриддинова ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон пешниҳод ирсол кард. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои […]

Аваз Юлдошев



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба таъини Раҷабмоҳ Бадриддинова ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон пешниҳод ирсол кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз доир мегардад, ин масъала баррасӣ хоҳад шуд. Раҷабмоҳ Бадриддинов айни замон дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон машғули кор аст.

Ғайр аз ин, президенти мамлакат аз вакилон дархост кардааст, ки барои таъини Азими Зафар ба вазифаи муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон розигӣ диҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.