Баррасии дурнамои ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ дар Душанбе

ASIA-Plus



Айни замон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» мизи гирд ҷараён дорад. Ба кори чорабинии мазкур бо суханронии шодбошӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар кори мизи гирд шахсони расмии воломақаоми кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ иштирок доранд.

Зимни кори мизи гирд маърӯзаҳои намояндаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000, вазири энергетика ва обтаъминкунии Афғонистон, вазири иқтисоди Қирғизистон, вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон, намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд, Вазорати рушди байнулмилалии Британияи кабир (DFID) ва ҳамчунин Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) мавриду баррасиву таҳлил қарор мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...