Баррасии дурнамои ҳамкориҳои энергетикии минтақавӣ дар Душанбе

Айни замон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» мизи гирд ҷараён дорад. Ба кори чорабинии мазкур бо суханронии шодбошӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳусни оғоз бахшид. Дар кори мизи гирд шахсони расмии воломақаоми кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ иштирок доранд. Зимни кори мизи […]

ASIA-Plus



Айни замон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «CASA-1000 ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ» мизи гирд ҷараён дорад. Ба кори чорабинии мазкур бо суханронии шодбошӣ нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳусни оғоз бахшид.

Дар кори мизи гирд шахсони расмии воломақаоми кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла СММ иштирок доранд.

Зимни кори мизи гирд маърӯзаҳои намояндаи Бонки ҷаҳонӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000, вазири энергетика ва обтаъминкунии Афғонистон, вазири иқтисоди Қирғизистон, вазири захираҳои об ва энергетикаи Покистон, намояндагони Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки исломии рушд, Вазорати рушди байнулмилалии Британияи кабир (DFID) ва ҳамчунин Агентии рушди байнулмилалии ИМА (USAID) мавриду баррасиву таҳлил қарор мегиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.