Ба CASA-1000 нахуствазирони кишварҳои узви лоиҳа ҳусни оғоз мебахшанд

Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) бо иштироки нахуствазирони кишварҳои узви лоиҳа доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд. Аз ҷумла, дар маросими оғози амалисозии лоиҳа президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Қирғизистон Сооронбой […]

Пайрав Чоршанбиев



Маросими расмии оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000 (Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ) бо иштироки нахуствазирони кишварҳои узви лоиҳа доир мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, дар маросими оғози амалисозии лоиҳа президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, нахуствазири Афғонистон Абдулло Абдулло ва нахуствазири Покистон Навоз Шариф ширкат меварзанд.

Ҳамчунин дар ин чорабинӣ аз иштироки шахсони воломақоми расмии чор кишвари узви лоиҳа, намояндагони ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, котиботи CASA-1000 ва ташкилотҳои мададрасону шарикон интизорӣ меравад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ба корҳои амалисозии лоиҳа нимаи аввали рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзода ҳусни оғоз бахшида мешавад.

Дар Лоиҳаи минтақавии интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) cохтмони хати баландшиддати интиқоли барқ барои содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст.

Амалисозии лоиҳаи мазкур дар муддати ду сол пешбинӣ гардида, буҷети умумии лоиҳа беш аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.