Вазорати фарҳанг ҳунармандони театри Маяковскийро ба театри Лоҳутӣ фиристод

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Театри драмавии русии ба Номи Вл. Маякрвский то аз таъмир бароварда шудани бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки ба ин бино кӯчонида мешавад, муваақатан лар бинои Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутфаъолият мекунад. Намояндаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо супориши ҳукумат давоми […]

Мавзуна Абдуллоева



Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тасмим гирифт, ки Театри драмавии русии ба Номи Вл. Маякрвский то аз таъмир бароварда шудани бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки ба ин бино кӯчонида мешавад, муваақатан лар бинои Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутфаъолият мекунад.

Намояндаи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Анвар Раҷабов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бо супориши ҳукумат давоми ҳамин ҳафта қисмате аз молу амволи театри Маяковский аллакай ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон» бурда шудааст, вале чун дар бинои кинотеатр алҳол шароити лозима вуҷуд надорад, тасмим гирифта шудааст, ки спектаклҳои худро ҳунармандони театри Маяковский дар саҳнаи театри Лоҳутӣ намоиш медиҳанд.

«Ба ҳар ҳол, кинотеатр театр нест, айни замон ба таъмири ҳуҷраҳои корӣ ва утоқҳои ороиш дастур дода шудааст, яъне то ки барои фаъолияти театр тамоми шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин оид ба омодасозии саҳна, ороишу лавҳаҳо ва ғайра низ корҳо идома доранд. Барои ҳамаи ин воситаҳои молиявӣ заруранд, аммо то ҳанӯз маблағи дақиқ барои ин корҳо номаълум аст. Ҳозир мо ба ҳамин кор машғулем», – иброз дошт Раҷабов ва илова намуд, ки минбаъд кӯчонидани театри ба номи А.Лоҳутӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе, бинои театри ба номи Вл. Маяковский дар маркази шаҳр, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад. Ин қарор миёни ҷомеа сарусадоҳои зиёд ба бор оварда, фаъолон бо дархости нигаҳдории ин бинои таърихӣ барои Тоҷикистон, ба ҳукумат ва президент муроҷиат намуданд.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар изҳороти худ

дар ин робита далел овард

, ки ин бинои якошёна дорои танҳо 300 ҷой мебошад ва барои театри замонавӣ мувофиқ набуда, минбаъд он ба бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки дорои 500 ҷои нишаст аст, кӯчонида мешавад ва фаъолияташро идома мебахшад.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон маълумот дар бораи арзиши бостониву меъморӣ доштани 15 иншоот дар шаҳри Душанберо

рад кард

.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио