Шурӯъ аз аввали моҳи май дар кишвар боришоти шадиди борон падидаи маъмулӣ маҳсуб шуда, дар ин замина соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахши роҳу нақлиёт ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ гардид. Табиист, ки аз ин раванд шоҳроҳи Душанбе–Чанок, ки аз минтақаи релефаш душвори кӯҳистон гузашта, сатҳи осебпазирии он аз офатҳои табиӣ хеле зиёд баланд аст, эмин нест.
Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории шоҳроҳи мазкур ба зиммаашон вогузор аст, баҳри филфавр чораандешӣ намудан дар чунин ҳолатҳо аз тамоми имкониятҳо самарнок истифода намуда истодаанд.
Рӯзи 10 майи соли равон низ дар масири шоҳроҳи мазкур боришоти борон идома ёфта гардида, дар ин замина, дар километри 38 ва 39- уми шоҳроҳ дар 2 мавзеъ фаромадани сел ба амал омад. Дар натиҷа, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи шоҳроҳ муваққатан ба мушкил мувоҷеҳ гардид.
Нуктаи муҳим он аст, ки кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб таври фаврӣ чораандешӣ намуда, дар лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат бо супориши роҳбарияти филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва 4 техникаву механизмҳои заруриро сафарбар намуданд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки рух додани ҳолати мазкур маротибаи аввал набуда, 2-юми майи соли равон низ чунин ҳолат дар минтақаи Варзоб рух дода буд. Ҳамрадиф бо ин, дар минтақаи Зарафшон низ селфароӣ, лағжиши кӯҳпора ва сангфароӣ раванди муттасил аст.
Тафсилоти бештар доир ба корҳо дар роҳи автомобиларди Душанбе – Чанок дар сомонаи
www.irs.tj





