Вохӯрии дуюми ҳайати ХБА бо раҳбарияти Вазорати молия

Тайи як ҳафта ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс бо раҳбарияти Вазорати молияи Тоҷикистон маротибаи дуюм мулоқот орост. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни вохӯрии имрӯзаи вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо ҳайати Хазина ба масоили сиёсати моливу андоз ва бонкӣ, идомаи кори муштарак оид ба масоили иҷрои буҷет дар […]

ASIA-Plus



Тайи як ҳафта ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс бо раҳбарияти Вазорати молияи Тоҷикистон маротибаи дуюм мулоқот орост.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни вохӯрии имрӯзаи вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо ҳайати Хазина ба масоили сиёсати моливу андоз ва бонкӣ, идомаи кори муштарак оид ба масоили иҷрои буҷет дар соли 2016 таваҷчуҳи хоса зоҳир шуд.

Гуфта мешавад, Пол Росс бо ироаи тавсия ва пешниҳодҳо перомуни натиҷаҳои кори ҳайат ибрози назар кардааст.

Дар Вазорати молия таъкид мекунанд, ки ҳайати ХБА бо раёсатҳои дахлдори вазорат самтҳои асосии сиёсати иқтисодии ҷумҳуриро баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5 май ҳайати ХБА бо

муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон

Ҷамшед Каримзода дидору гуфтушунид кард.

Қаблан 

иттилоъ дода будем

, ки ХБА як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.

Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи 

Financial Times

 дар ин робита гуфта буд, ки бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкилоти ҷиддӣ» дучор шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, аз Бонки миллии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки алҳол раҳбарияти бонк бо ҳайати ХБА мулоқот накарда, ин вохӯрӣ рӯзҳои наздик дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио