Барои раҳбарияти ҲНИТ ҳукми ҳабси абад тақозо шуд

Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи аъзои ҲНИТ барои аъзои ҲНИТ – Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб ҳукми ҳабси абад тақозо намуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ , инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдидиини Рустам 24 […]

Радиои Озодӣ



Айбдоркунандаи давлатӣ дар парвандаи аъзои ҲНИТ барои аъзои ҲНИТ – Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалии Ҳаит, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳори Давлат ва Раҳматуллои Раҷаб ҳукми ҳабси абад тақозо намуд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, инчунин, аз додрас хоста шудааст, то Ҳикматулло Сайфуллозода ва Зубайдуллоҳи Розиқ 30-солӣ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад 29 сол, Саттор Каримов 28 сол, Саъдидиини Рустам 24 сол, Воҳидхон Қосиддинов 22 сол, Муҳаммадшариф Набиев ва Абдусамад Ғайратов 16-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд. Додситон тақозо кардааст, ки Зарафо Раҳмонӣ, ҳуқуқшиноси ҳизб ва танҳо зан дар миёни айбдоршавандаҳо ба 8 соли зиндон маҳкум бишавад.

Гуфта мешавад, қарор аст, дар мурофиаи навбатӣ, ки эҳтимол рӯзи 12 май баргузор хоҳад шуд, вакилони дифоъ ва ҳам муттаҳамон суханронӣ кунанд. Яке аз наздикони айбдоршавандаҳо, ки ин иттилоъро ба Озодӣ расонд, гуфт, баъд аз шунидани тақозои додситон дар масъалаи ҳукми аъзои ҲНИТ, хешу табори айбдоршавандаҳо ҳукмро “бераҳмона” унвон кардаанд.

Мурофиаи судӣ нисбати 13 узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ 24 феврали соли 2016 шурӯъ шуда, он пушти дарҳои пӯшида ҷараён дорад. Нимаи моҳи феврали соли ҷорӣ низ наздикони боздоштшудагон 

хабар дода буданд

, ки Суди олии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки баррасии парвандаҳои ҷиноӣ нисбати 13 нафар аъзои Шӯрои олии сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мавқуф гузошта мешавад.

Радиои Озодӣ 6 апрел бо истинод ба раиси мурофиаи мазкур судяи Суди олии 

иттилоъ дода буд

, ки мурофиаи 13 узви баландпояи ҲНИТ ба поён расида, ҳайати додгоҳ ба хотири судури ҳукм дар хонаи машваратӣ қарор дорад.

Ҳамаи 13 узви фаъоли ҲНИТ 16 сентябри соли гузашта боздошт ва баъди ду ҳафта Суди олӣ ин ҳизбро ифротгаро ва террористӣ эътироф намуд. Бо қарори суд чопи нашрияи ҳизбии «Наҷот» қатъ карда шуда, сомонаи расмии ҳизб низ баста шуд. ҲНИТ ва роҳбари онро ба ташкил ва маблағгузорӣ ба табаддулоти давлатӣ айбдор карданд, ки онро собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) санаи 4 сентябр амалӣ карданӣ буд.

Ин исён саркӯб шуда, иштирокчиёни асосии он, аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим низ кушта шуд. Нисбати онҳо мутобиқи моддаҳои 3-14-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбномаҳо пешниҳод шуданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.