Ба гумрукчиён ва марзбонон идораи сарҳадот ва захираҳои инсониро меомӯзонанд

Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаи БОМКА семинари омӯзишӣ оид ба идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ баргузор мегардад. Семинари мазкур таҳти роҳбаладии коршиносони аврупоӣ аз Хадамоти давлатии даромадҳо ва Хадамоти давлатии сарҳадии Латвия ташкил гардида дар он коршиносони миллӣ аз мақомоти сарҳадӣ, гумрук, назорати фитосанитарӣ, байторӣ ва санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд […]

Иттилоияи расмӣ



Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаи БОМКА семинари омӯзишӣ оид ба идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ баргузор мегардад. Семинари мазкур таҳти роҳбаладии коршиносони аврупоӣ аз Хадамоти давлатии даромадҳо ва Хадамоти давлатии сарҳадии Латвия ташкил гардида дар он коршиносони миллӣ аз мақомоти сарҳадӣ, гумрук, назорати фитосанитарӣ, байторӣ ва санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Семинари номбурда қисми барномаи БОМКА мебошад, ки ҳадафи он табодули иттило оид ба идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ ва таҷрибаи пешқадами Иттиҳоди Аврупо аст. Семинар имкониятеро фароҳам меоварад барои матраҳ намудани низоми мавҷудаи идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ, табодули афкор ва таҷоруби касбӣ, ва муайян намудани эҳтиёҷот дар ташкили такмили ихтисоси минбаъда дар ҷойҳои корӣ.

Дар рафти семинар коршиносони миллӣ таҷрибаи худро дар самтҳои қайдгардида муаррифӣ намуда бо таҷоруби Иттиҳоди Аврупо дар чунин самтҳои идоракунии дохилӣ ба мисли интизоми фискалӣ, банақшагирии бюҷет ва назорат, низоми хариди мол ва хизматрасонӣ, музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ шинос хоҳанд гашт. Семинари мазкур ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати кадрӣ ва идоракунии молявӣ мусоидат хоҳад намуд, ки яке аз қисмҳои муҳимтарини фаъолияти босамараи ҳар як идораю муассиса ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷараёни чунин семинарҳо, ки дар дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор мегарданд самту масоили мушаххас дорои ниёз ба такмили минбаъда муайян мегарданд. Дар натиҷаи семинарҳо пешбинӣ шудааст, ки сафари омӯзишӣ барои кормандони сатҳи миёна ва болои идораҳои сарҳадии дарвлатҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо ташкил мегардад ва дар рафти он ба иштирокчиён таълим дар ҷойҳои корӣ нишон дода мешавад.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА соли 2003 баргузор гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.