Ба гумрукчиён ва марзбонон идораи сарҳадот ва захираҳои инсониро меомӯзонанд

Иттилоияи расмӣ



Дар шаҳри Душанбе бо дастгирии барномаи БОМКА семинари омӯзишӣ оид ба идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ баргузор мегардад. Семинари мазкур таҳти роҳбаладии коршиносони аврупоӣ аз Хадамоти давлатии даромадҳо ва Хадамоти давлатии сарҳадии Латвия ташкил гардида дар он коршиносони миллӣ аз мақомоти сарҳадӣ, гумрук, назорати фитосанитарӣ, байторӣ ва санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Семинари номбурда қисми барномаи БОМКА мебошад, ки ҳадафи он табодули иттило оид ба идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ мутобиқи меъёрҳои байналмиллалӣ ва таҷрибаи пешқадами Иттиҳоди Аврупо аст. Семинар имкониятеро фароҳам меоварад барои матраҳ намудани низоми мавҷудаи идораи захираҳои инсонӣ, банақшагирӣ ва назорати молиявӣ, табодули афкор ва таҷоруби касбӣ, ва муайян намудани эҳтиёҷот дар ташкили такмили ихтисоси минбаъда дар ҷойҳои корӣ.

Дар рафти семинар коршиносони миллӣ таҷрибаи худро дар самтҳои қайдгардида муаррифӣ намуда бо таҷоруби Иттиҳоди Аврупо дар чунин самтҳои идоракунии дохилӣ ба мисли интизоми фискалӣ, банақшагирии бюҷет ва назорат, низоми хариди мол ва хизматрасонӣ, музди меҳнат ва кафолатҳои иҷтимоӣ шинос хоҳанд гашт. Семинари мазкур ба баланд бардоштани самаранокии сиёсати кадрӣ ва идоракунии молявӣ мусоидат хоҳад намуд, ки яке аз қисмҳои муҳимтарини фаъолияти босамараи ҳар як идораю муассиса ба ҳисоб мераванд.

Дар ҷараёни чунин семинарҳо, ки дар дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор мегарданд самту масоили мушаххас дорои ниёз ба такмили минбаъда муайян мегарданд. Дар натиҷаи семинарҳо пешбинӣ шудааст, ки сафари омӯзишӣ барои кормандони сатҳи миёна ва болои идораҳои сарҳадии дарвлатҳои Осиёи Марказӣ ба Аврупо ташкил мегардад ва дар рафти он ба иштирокчиён таълим дар ҷойҳои корӣ нишон дода мешавад.

Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА соли 2003 баргузор гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...