Ду ҳафта муҳлати раиси пойтахт ба пурра кӯчонидани сохтмонҳои ғайриқонунӣ

ASIA-Plus



Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  шаҳр

машварати корӣ

баргузор кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба омодакунии пойтахт ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба сохторҳои марбутаи шаҳр, гурӯҳҳои корӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки дар муҳлати ду ҳафта ба далелҳои худсарона ғасб кардани қитъаи заминҳо хотима бахшида, сохтмону биноҳои ғайриқонунӣ дар шаҳр сохташударо кӯчонанд.

Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш дод, ки бо назардошти то охири сол ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бо иштироки моликони хонаву биноҳо фонди манзилро ба қабули гармиву оби гарм омода созанд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...