Ду ҳафта муҳлати раиси пойтахт ба пурра кӯчонидани сохтмонҳои ғайриқонунӣ

Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  шаҳр машварати корӣ баргузор кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба омодакунии пойтахт ба […]

ASIA-Plus



Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 11 май бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ҳифзи ҳуқуқи  шаҳр

машварати корӣ

баргузор кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси шаҳр фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба омодакунии пойтахт ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатиро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, ба сохторҳои марбутаи шаҳр, гурӯҳҳои корӣ, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дод, ки дар муҳлати ду ҳафта ба далелҳои худсарона ғасб кардани қитъаи заминҳо хотима бахшида, сохтмону биноҳои ғайриқонунӣ дар шаҳр сохташударо кӯчонанд.

Ғайр аз ин, М.Убайдуллоев ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш дод, ки бо назардошти то охири сол ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, бо иштироки моликони хонаву биноҳо фонди манзилро ба қабули гармиву оби гарм омода созанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.