Дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.
Нашрияи бритониёии
BNE Intellinews
дар ин робита менависад, ин ҳафта дар доираи маҷлиси солонаи БАТР дар Лондон масъалаи вуруди сармоя ба «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ мешавад. Қайд мешавад, ки «Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории 50%-и саҳмияҳои бонкро пешниҳод намудааст, ки ҳаҷми сармояи умумии он 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Мо аллакай бо президенти БАТР Сума Чакраборти вохӯрда, ӯ нияти кумак ба моро изҳор кард, – гуфтааст ба нашрия раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода. – Бори дигар мо рӯзи 12 май бо ӯ мулоқот ва то чӣ андоза ба шартҳои БАТР мутобиқ буданамонро баррасӣ мекунем. Ба ҷуз БАТР, барои сармояи саҳмиявӣ мо дигар сармоягузоронро низ ҷустуҷӯдорем, аз ҷумла Корпоратсияи байнулмилалллии молиявӣ. Барои пардохтпазир будан мо ҳарчи бештар сармоя ҷалб карданием, то ки уҳдадориҳои худ назди саҳмгузоронамонро ба иҷро расонем».
Қаблан «Тоҷиксодиротбонк»
иттилоъ дода буд
, ки дар ҷаласаи 11 майи солонаи БАТР дар Лондон масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд.
Бо арзёбии вазъи воқеъии «Тоҷиксодиротбонк», коршиносони байнулмилалӣ «таъсири назарраси омилҳои буҳронӣ»-ро қайд карда, бар ин назаранд, ки барои раҳоӣ аз ин вазъ, рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъҷилӣ зарур аст.





