Пешниҳоди бастаи назоратии саҳмияҳои «Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР

Дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад. Нашрияи бритониёии BNE Intellinews дар ин робита менависад, ин ҳафта дар доираи маҷлиси солонаи БАТР дар Лондон масъалаи вуруди сармоя ба «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ мешавад. Қайд мешавад, ки «Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории […]

Пайрав Чоршанбиев



Дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон – «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.

Нашрияи бритониёии

BNE Intellinews

дар ин робита менависад, ин ҳафта дар доираи маҷлиси солонаи БАТР дар Лондон масъалаи вуруди сармоя ба «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ мешавад. Қайд мешавад, ки «Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории 50%-и саҳмияҳои бонкро пешниҳод намудааст, ки ҳаҷми сармояи умумии он 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

«Мо аллакай бо президенти БАТР Сума Чакраборти вохӯрда, ӯ нияти кумак ба моро изҳор кард, – гуфтааст ба нашрия раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода. – Бори дигар мо рӯзи 12 май бо ӯ мулоқот ва то чӣ андоза ба шартҳои БАТР мутобиқ буданамонро баррасӣ мекунем. Ба ҷуз БАТР, барои сармояи саҳмиявӣ мо дигар сармоягузоронро низ ҷустуҷӯдорем, аз ҷумла Корпоратсияи байнулмилалллии молиявӣ. Барои пардохтпазир будан мо ҳарчи бештар сармоя ҷалб карданием, то ки уҳдадориҳои худ назди саҳмгузоронамонро ба иҷро расонем».

Қаблан «Тоҷиксодиротбонк»

иттилоъ дода буд

, ки дар ҷаласаи 11 майи солонаи БАТР дар Лондон масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд.

Бо арзёбии вазъи воқеъии «Тоҷиксодиротбонк», коршиносони байнулмилалӣ «таъсири назарраси омилҳои буҳронӣ»-ро қайд карда, бар ин назаранд, ки барои раҳоӣ аз ин вазъ, рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъҷилӣ зарур аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.