Сафари ҳунарии Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов ба Русия

Овозхонони маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов ахири моҳи май ба се шаҳри Русия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд. Онҳо бо барномаи консертӣ таҳти унвони «Эй ҳамватанаон» дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба ҳаводорони сарояндагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ созмондеҳи ин сафар Манучеҳр Ҷумъаев хабар додааст. Ҳамчунин дар шабакаҳои […]

ASIA-Plus



Овозхонони маъруфи тоҷик Шабнами Сурайё ва Ҷонибек Муродов ахири моҳи май ба се шаҳри Русия сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Онҳо бо барномаи консертӣ таҳти унвони «Эй ҳамватанаон» дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба ҳаводорони сарояндагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ созмондеҳи ин сафар Манучеҳр Ҷумъаев хабар додааст.

Ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоии муроҷиати Ҷонибек ва Шабнам гузошта шудааст, ки дар он онҳо мухлисони эҷоди худро ба консертҳояшон дар толори киноконсертии «Россия» дар Маскав – 22 май,  Хонаи фарҳанги ба номи Горкий дар шаҳри Санкт-Петербург – 23 май ва Хонаи фарҳанги ба номи Лавров дар шаҳри Екатеринбург – 25 май даъват мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.