Зери об. Гузориш аз макони офати табиӣ (АКСҲО)

Тайи чанд рӯзи ахир бар асари боришоти аз меъёр зиёд, ки ба болоравии сатҳи об дар дарёи Элоки ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид, беш аз 1000 манзил хисорот бардоштанд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи  12 май, тақрибан соати  03:40 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пуршидат сатҳи оби дарёи Элок  баланд гардида, дар […]

Аҳлиддин Салимов


Тайи чанд рӯзи ахир бар асари боришоти аз меъёр зиёд, ки ба болоравии сатҳи об дар дарёи Элоки ноҳияи Рӯдакӣ боис гардид, беш аз 1000 манзил хисорот бардоштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, рӯзи  12 май, тақрибан соати  03:40 дақиқа дар натиҷаи боронҳои пуршидат сатҳи оби дарёи Элок  баланд гардида, дар ҷамоати  деҳоти Зайнабобод, деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол-1 ва Комсомол-2 сел  омада, тахминан ба 1146 хонаҳои истиқоматии  деҳаҳои мазкур зарар расондааст. Вуруд ба ноҳияи Рӯдакӣ дар самти роҳ ба сӯйи деҳаҳои осебдида баста буда, ин қаламрав пурра аз ҷониби низомиён ва кормандони БДА иҳота карда шудааст.

Ба ҳар ҳол, ба хабарнигори «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки ба қаламрави ноҳияи ворид гардад. Ин ҷо низомиёну наҷотдиҳандагон ва оташнишонон ҳама баҳри рафъи оқибатҳои офати табиӣ сафарбар шудаанд.

Сардори Раёсати хадамоти дохилии Сарраёсати Хадамоти оташнишонии ВКТ ҶТ генерал Нозимҷон Иброҳимзода ба «Азия-Плюс» хабар дод, ки соати 06:25-и субҳ дар бораи офати табиӣ ба навбатдори хадамоти оташнишонӣ маълумот расида, ба ин ҷо дарҳол беш аз 70 нафар кормандони хадамоти оташнишонӣ ва 10 автомашина фиристода шудааст.

Сокини деҳаи Хоҷиёни Зайналобод Бобо Хоҷаи 83-сола мегӯяд, селу лойқа пурра полези ӯро пӯшонидааст ва то ҳол (соати 15:23) касе аз кормандони ҷамоат назди онҳо наомадаанд. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки имсол дигар аз полезаш ҳосиле ба даст оварда наметавонад.

Сокини шаҳраки Файзоба Раҳмонбердӣ Эгамбердиев низ шикоят дорад, ки то ҳанӯз ягон нафар аз кормандони ҳукумат ва ҷамоати маҳаллӣ ба макони офат ҳозир нашуда, онҳо ҳатто оби ошомиданӣ надоранд.

Як зан, сокини деҳаи Ҷалолиддини Румии ҳамин ҷамоат низ изҳор кард, ки манзилаш пурра зери обу лойқа монда, акнун зиндагӣ дар он хатарнок аст, чунки боми хона ҳар лаҳза метавонад ба замин афтад.

Нуъмонҷон Зокиров, сокини ҳамин ҷамоат зикр кард, ки якчанд гектар замине, ки дар он ӯ барои фурӯш сабзавот парвариш мекард, пурра зери об монда, акнун аз он ҳосил интизор шудан ғайриимкон мебошад.


Кумитаи ҳолатҳои фавқулода иттилоъ медиҳад, ки дар бартараф кардани оқибатҳои офтаи табиӣ дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони

Маркази наҷотдиҳии Кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии Қушӯнҳои мудофиаи граждании Кумита дар гарнизони Душанбе дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.

Бино ба иттилои манбаъ, аҳолии зарардида ба макони бехавфу амн кӯчонида шуда, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, сокинони маҳаллӣ аз бедарак шудани ду кӯдаки хурдсол хабар медиҳанд. Ҷустуҷӯи кӯдакон идома дорад.

Дар дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ

низ офатҳои табиӣ рух дода

, бар асари селфароӣ маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Файзобод, Ҳисор, Шаҳристон ва Панҷакент низ зарар дидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.