МД «Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ» боз шуд

Дар доираи амалишавии нақшаи корӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, маросими ба истифода дода шудани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки дар ноҳияи Файзобод воқеъ  аст, баргузор гардид. Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳо Шервони Умриддин хабар дод, президенти Академияи […]

ASIA-Plus



Дар доираи амалишавии нақшаи корӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба муқовимат бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи ҳастаӣ, маросими ба истифода дода шудани биноҳои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки дар ноҳияи Файзобод


воқеъ 

аст, баргузор гардид.

Тавре ки аз маркази матбуоти Академияи илмҳо Шервони Умриддин хабар дод, президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ дар маросими ифтитоҳ суханронӣ намуда, ҳозиринро бо вазъи кунунӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ” шинос намуд. 

Дар маросими ифтитоҳ намояндаҳои Академияи илмҳо, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ, инчунин намояндагони Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Америка, намояндагони Вазорати энергетикаи Америка ва Вазорати энергетика ва тағирёбии иқлими Бритониёи Кабир ширкат варзиданд.

Сипас, Илҳом Мирсаидов, мудири шуъбаи иттилиотӣ ва робитаҳои байналмилаллии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро оид ба таърихи амалишавӣ ва дастовардҳои лоиҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати  Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Бритониёи Кабир дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардидааст, шинос кард. Лоиҳаи мазкур соли 2015 оғоз ёфта моҳи феврали соли 2016 ба анҷом расид.

Намояндаи Ҳукумати ИМА Младинео Стефен Виктор ва намояндаи Бритониёи Кабир Кэролл Питер Вилльям аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатмандии зиёд изҳор намуда, қайд намуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт бояд пурзур карда шавад, зеро солҳои охир таҳдидҳои гуногун аз гуруҳҳои экстремистӣ ва террористҳо зиёд шуда истодааст.

Баъд аз маросими расмӣ, ҳозирин бо ду бинои партовҳои радиоактивии Муассисаи давлатии “Нуқтаи гӯркунии партовҳои радиатсионӣ”, ки пурра таъмир гардиданд шинос гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.