Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ба тамоми минатқаҳои кишвар ва намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ дар хориҷи давлат дастрас шардидани варақаҳоро барои овоздиҳӣ дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конституnсияи Тоҷикистон (22 май) ба анҷом расонид.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ҳифзу нигаҳдории онҳро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин мекунанд.
Варақаи овоздиҳӣ аз матни зерин иборат аст: «Ҳамаи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистонро қабул доред?». Ду шакли посух низ мавҷуд аст: «Ҳа» ва «Не». Ҳамчунин дар варақаи овздиҳӣ тартиби дуруст пур кардани он низ зикр мешавад. Варақаҳо дар нашриёти «Шарқи озод» ба чоп расида, як сатҳи муҳофизат доранд.
Нусхаҳои қисмати асосӣ ва бештари варақаҳо, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 4,3 млн. ададро ташкил медиҳанд, бо забони тоҷикӣ нашр шуда, ба маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар он шумори зиёди мардуму русу ӯзбек ва қирғиз иқомат доранд, варақаҳо бо ҳамин забонҳо низ фиристода шудаанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар 29 кишвари саросари ҷаҳон дар назди сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон 38 қитъаҳои интихоботӣ барои баргузор намудани раъйпурсӣ таъсис дода шудааст.





