Ҳамаи 4 кишвари узви лоиҳаи CASA-1000 таъмини амнияту бехатарӣ зимни сохтмон ва истифодаи иншоотро кафолат медиҳанд.
Бино ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, дар рафти сохтмон ва истифодаи шабака, амният масъалаи асосии лоиҳа маҳсуб ёфта, он асосан бо минаҳо, саботаж ва дуздидани таҷҳизот алоқаманд мебошад.
«Тамоми ҳукуматҳои давлатҳо барои таъмини амнияти зарурии кормандони паймонкор ва молҳои он ба мувофиқа омадаанд. Ҳар як давлат Нақшаи идоракунии хавфҳоро барои марҳилаи сохтмон ва истифодабарии хати интиқоли барқ дар ҳудудҳои дахлдор омода намудааст. Пардохт намудани маблағ барои тамоми корҳои алоқаманд бо минаҳо ё ягон чораи иловагии амниятии паймонкор пешбинӣ шудааст», – омадааст дар маълумот.
Дар Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки Барномаҳои дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ барои аҳолие, ки дар наздикии масири хати интиқоли нерӯи барқи лоиҳаи CASA-1000 зиндагӣ мекунад, онҳоро ба нигоҳдории амният дар фаъолияти ХИБ ҳавасманд мекунанд. «Дар сурати расонидани зарар ба хати нерӯи барқ, чораҳо ҷиҳати маҳдуд намудани қатъи он андешида шудаанд», – таъкид мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки корҳои бевоситаи амалисозии лоиҳаи CASA-1000 расман рӯзи 12 май дар шаҳри Турсунзода бо иштироки роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви лоиҳа баргузор шуданд
Қобили зикр аст, ки аз 7 ташкилоти маблағгузори лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ низ ба амалисозии ин тарҳ сармоягузор аст.





