Суди Шербинскии Маскав имрӯз, 17 май ба 22 нафар иштирокчиёни занозании оммавӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ба муҳлати 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ ҷазо таъин кард.
Бино ба маълумоти
ТАСС
бо истинод ба котиби матбуотии суди Шербинск Светлана Бахтина, ду нафар қонуншиканон шаҳрвандони Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Суд далелҳои ҷонибҳоро баррасӣ намуда, ба хулоса расидааст, ки гуноҳи айбдоршавандагон дар қонуншиканиҳои ба онҳо нисбатдодашуда пурра исботи худро ёфтааст.
Хабаргузории
РИА Новости
дар ин робита менависад, 9 нафар гумонбаршудагон рӯзи душанбе ба ҳабс гирифта шуда, субҳи имрӯз суд нисбати боз се тан аз гумонбаршудагон – Александр Мережко, Артур Ҳоҷихонов ва Элихон Яҳёев чунин қарор қабул кард. Муҳлати ҳабси боз як гумонбари дигар – Лечи Яҳёев 72 соат (то 19 май) дароз карда шуд.
Собиқ корманди хадамоти посбонии ШВКД-и Маскав дар ноҳияи Хамовники Никита Мошенко низ аз ҷумлаи ҳабсшудагон аст, ки ӯро низ чун дигарон тафтишот дар авбошӣ гумонбар медонад (қ. 2, моддаи 213 КҶ ФР).
Ҳамчунин ҳуқуқшиноси қаблан маҳкумшуда Александр Бочарников низ ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ низ чун боқимонда гумонбаршудагон айбро эътироф накарда, аз баёнот додан даст кашидааст. «Ман силоҳ надоштам, баръакс ба сӯи мо сангу чӯб ва табарҳо мепартофтанд», – гуфтааст Бочарников дар суд.
Дар ҳамин ҳол, суд таҳти ҳабс қарор доштани собиқ директори оромгоҳи Хованское Юрий Чабуевро рад кардааст. Ӯ изҳор доштааст, ки кӯшиши даъвати пулисро карда, муноқишаро пешгирӣ карданӣ будааст. Чабуев узви Шӯрои ҷамъиятии назди Кумитаи тафтишоти Русия мебошад.
Қаблан
иттилоъ дода будем
, ки суди Пресненскии шаҳри Маскав 9 нафарро ба гумони даст доштан дар ҳодисаи занозанӣ дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав боздошт намуд.





