Кумаки башардӯстонаи беш аз 40 кишвар ба Тоҷикистон

Дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 14,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 7,9 ҳазор тонна аз 41 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 4 моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 14,9 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, ин кумак бо вазни умумии зиёда аз 7,9 ҳазор тонна аз 41 кишвари дунё ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Гуфта мешавад, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба Чин (29%), Русия (20%), Покистон (8,6%), Ҳиндустон (6,8%), Дания (4,3%), Сербия (3,7%), Ҷумҳурии Корея (3,2%), Шверйтсария (3,1%), Туркия (3%), Беларус ва Озарбойҷон (2,5%-ӣ), Франсия (2,3%), Таиланд (1,8%), ИМА (1,9%), Нидерланд (1,6%) ва Эрон (1,4%) рост меояд.

Моҳҳои январ-апрели соли гузашта ба Тоҷикистон аз ҷониби 27 кишвари дунё ба маблағи умумии беш аз 14,1 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона ворид гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2015 ба Тоҷикистон аз ҷониби 42 кишвар дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 45 млн. доллари ИМА кумаки башардӯстона фиристода шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.